Ноябр 19, 2020 21:51 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти кӯмаки 41,7 миллион долларии Тоҷикистон аз 59 кишвар
    Дарёфти кӯмаки 41,7 миллион долларии Тоҷикистон аз 59 кишвар

Таи 10 моҳи соли ҷории милодӣ 59 кишвари мухталифи ҷаҳон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ироа кардаанд.

Бар асоси гузориши ожонси вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин давра ин кишвар 19 тонна кӯмаки башардӯстона ба арзиши 41,7 миллион доллар дарёфт кардааст.

41,8 дар сади аз кулли кӯмакҳои ироашуда ба Тоҷикистон марбут ба Чин, 9,9 дар сад Ӯзбекистон, 9,8 дар сад Туркия, 7,7 дар сад Ҳинд, 6,6 дар сад Русия , 4,5 дар сад Қазоқистон аст.

Таи ин давра ҳамчунин кишварҳои Дания, Голландия, Швесария, Амрико, Кореяи Ҷанубӣ, Германия, Финландия, Белгия, Камбоджа ва ... ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона кардаанд.

Илова бар ин Душанбе зарфи ин муддат аз Созмонҳои молии байналмилалӣ  кӯмакҳои билоивази молӣ дарёфт кардааст.

Бинобар гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон, ин кишвар ҳамчунин аз Бонки ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Бонки тавсиаи осиёӣ ҳудуди 2 миллион доллар, Бонки тавсиаи исломӣ 350 ҳазор доллар ва ... дарёфт кардааст.

 

Барчасп