Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон барканор шуд
Ноябр 20, 2020 22:24 Asia/Dushanbe
-
Эмомалӣ Раҳмон Ҳоким Холиқзодаро ба раёсати Бонки Миллии Тоҷикистони баргузид
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармоне раиси Бонки Миллӣ ва яке аз муовинони вайро барканор кард.
Ба гузориши сомонаи «Спутник», бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи ҷумъаи 20 ноябр мунташир шуд, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Ҳамидуллоҳ Машрабзода аз симати раёсат ва муовинати Бонки Миллии Тоҷикистон барканор шудаанд.
|
Ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармонҳое, раиси Ожонси давлатии Тоҷикстандарт ва раисони ду Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи тиҷорати ин кишварро барканор ва афроди дигареро ҷонишини онон кард.
Бештар бихонед:
- Идомаи тағйири мақомот ва мудирони давлатӣ дар Тоҷикистон
- Равобити хонаводагии мудирон - мушкили аслии бонкҳои Тоҷикистон
- Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон: Мардум пули хориҷиро дар хона нигаҳдорӣ накунанд
Барчасп