Ноябр 20, 2020 22:24 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон Ҳоким Холиқзодаро ба раёсати Бонки Миллии Тоҷикистони баргузид
    Эмомалӣ Раҳмон Ҳоким Холиқзодаро ба раёсати Бонки Миллии Тоҷикистони баргузид

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармоне раиси Бонки Миллӣ ва яке аз муовинони вайро барканор кард.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи ҷумъаи 20 ноябр мунташир шуд, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Ҳамидуллоҳ Машрабзода аз симати раёсат ва муовинати Бонки Миллии Тоҷикистон барканор шудаанд.

Ҳоким Холиқзода - раиси нави Бонки Миллӣ

 

  • Бо фармони дигари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ки пеш аз ин дар мақоми муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба симати раёсати ин ниҳод мансуб шуд.

 

 

Ҳамчунин раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармонҳое, раиси Ожонси давлатии Тоҷикстандарт ва раисони ду Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи тиҷорати ин кишварро барканор ва афроди дигареро ҷонишини онон кард.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп