Кумаки Бонки Осиёии Рушд барои бозсозии роҳҳои ҷануби Тоҷикистон
Бонки Осиёии Рушд тарҳи кумаки 67 миллиону 400 ҳазордоллариро барои бозсозии ду роҳ дар вилояти Хатлон тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ин кумак барои бозсозии роҳи Данғара-Оқмазор ба тӯли 28 километр ва масири Ҳулбук-Кангурт ба тӯли 59 километр ҳазина хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ин ду масир дар маҷмӯъ рӯзона ҳудӯди 5 ҳазору 500 дастгоҳ худрав рафту омад мекунад.
Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин ду масир барои рафту омади васоили нақлия ва мусофирон хатарнок аст.
Дар кишвари кӯҳистонии Тоҷикистон бахши умдаи мусофирон ва борҳо бо истифода аз автомобил ҷо ба ҷо мешавад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Кумаки молии 323 миллиондолларии ройгони Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон
Густариши корона бозсозии роҳи Дарвоз то ноҳияи Рӯшонро ба таъхир андохт
Бозсозии қисмати тахриб шуда роҳи Душанбе- Чаноқ