Тавзеи 15 миллион доллар кӯмаки молӣ миёни ниёзмандони Тоҷикистон
-
Маблағгузорӣ ба ниёзмандон барои коҳиш додани фишорҳои паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дода мешавад
Дар Тоҷикистон муодили 15 миллион доллар кӯмаки молӣ миёни 390 ҳазор шаҳрванди ниёзманд, маълул, ятиму солманд тавзеъ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард: "То 20 ноябри имсол аз 175 миллион сомонӣ кӯмаки молӣ барои ақшори осебпазири ҷомеа 156 миллион сомонӣ (15 миллион доллар) ба онон аз тариқи Амонатбонк пардохт шудааст, то аз фишорҳои ношӣ аз густариши вируси корона коста шавад."
Бинобар эъломи Вазорати молияи Тоҷикистон, 35 дар сади дарёфткунандагони ин кӯмаки молӣ дар вилояти Хатлон, наздик ба 31 дар сад дар вилояти Суғд, 23 дар сад аз сокинони ноҳияҳои тобеи марказ, 7 дар сад дар шаҳри Душанбе ва 4 дар сад дар вилояти Бадахшон ҳастанд.
Мизони ин кӯмак барои хонаводаҳои ниёзманд дар як сол 464 сомонӣ таъин шуда, ки ҳар чор моҳ як бор маблағи 116 сомонӣ ба ин афрод пардохт мешавад.
Бештар бихонед: