Шоири машҳӯри тоҷикистонӣ даргузашт
(last modified Sun, 22 Nov 2020 08:09:56 GMT )
Ноябр 22, 2020 13:09 Asia/Dushanbe
  • Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун бар асари бемории қалбии даргузашт
    Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун бар асари бемории қалбии даргузашт

Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун, шоири машҳӯри тоҷик дар синни 64-солагӣ барои ҳамеша хомӯш шуд.

Ба гузориши Спутник, як манбаи огоҳ дар бемористони 1-ум Советскийи шаҳри Душанбе иллати даргузашти ин шоири тоҷикистониро бемории қалбӣ эълом кард.

Пеш аз ин Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун дар вебсайти шахсиаш ҳоли худро вахим тавсиф карда буд.

Марҳур 7 январи соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст.

Баъди хатми  факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб корро дар ноҳияи Вахш аз омӯзгорӣ сар карда, пас аз чанд моҳи кор ба шуъбаи маорифу фарҳанг ва адабиёти рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Қӯрғонтеппа" ба кор гузаштааст. Фаъолияти рӯзноманигорияш низ маҳз аз ҳамин ҷой сар мешавад.

Ба қалами Маҳзун ҳамзамон асарҳои саҳнавии "Базми хосаи Мушбону", "Ашӯламоҳ ва Фалакбой", "Чароғи маърифат", "Гуфтугӯ бо театр" ва "Моҷаро" тааллуқ доранд, ки саҳнаҳои гуногуни театр намоиш дода шудаанд.

Сафармуҳаммад Аюбзодаи Маҳзун дорандаи унвонҳои Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени Бунёди фарҳанги "Шараф ва мардонагӣ" СанктПетербург, медали "Хизмати шоиста", дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда ҳамзамон узви Иттиҳодияи арбобони театр, Иттифоқи журналистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Маҳзун  дар даврони умри худ чанд намоишнома низ навишт, ки дар театрҳои мухталиф рӯи саҳна рафт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: