Ноябр 22, 2020 13:41 Asia/Dushanbe
  • Алиев барои ДИИШ пул вориз мекардааст
    Алиев барои ДИИШ пул вориз мекардааст

Додситонии шаҳри Маскав аз судури ҳукми 13 сол зиндон барои як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, додгоҳи минтақаи ғарби пойтахти Русия Шерафган Сайдалиев, шаҳрванди 39 солаи Тоҷикистонро ба ҷурми иртиботу ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ ба 13 сол зиндон маҳкӯм кард.

Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДИИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст.

Сайдалиев пас аз байъат бо гурӯҳи ДИИШ борҳо аз тариқи бонк ба ҳисоби ин созмони террористӣ, пули вориз ва дар чанд амалиёт замина нақд кардани манобеи молии мавриди ниёзи аъзои ин гурӯҳро низ фароҳам кардааст.

Мақомоти додгоҳи Маскав эълом кардаанд, ки Сайдалиев бо эътироф ба иттиҳомоташ ибрози пушаймонӣ карда ва ин мавзӯ ҳангоми судури ҳукм мӯҷиби тахфифи муҷозоти ӯ шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп