90 дарсад аз пахтаи Тоҷикистон хомфурӯшӣ мешавад
Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши 60 ҳазортонии бардошти пахта хабар медиҳанд, ки танҳо 10 дарсад аз ин маҳсӯл дар дохили кишвари фароварӣ ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, масъӯлони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки имсол беш аз 461 ҳазор тон пахта аз заминҳои ин маҳсӯл бардошт шуда, ки баробар бо 96.6 дарсад аз барномаи давлатӣ аст.
Пахта яке аз муҳимтарин ақломи содиротии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.
Туркия, Русия ва Чин харидорони умдаи пахтаи Тоҷикистон ҳастанд,ки пас аз табдили пахтаи Тоҷикистон ба либосу порча ин колоҳоро ба Тоҷикистон содир мекунанд.
Кишоварзони тоҷик муътақиданд, ки дар сӯрати хариди ҳар килограм пахта аз онон ба қимати 6.5 то 7 сомонӣ метавонанд ба сӯдоварии ин маҳсӯл умедвор бошанд.
Ин дар ҳоле аст, ки қимати пахта дар вилоятҳои Хатлону Суғд байни 5 то 5.5 сомонӣ аст, ки танҳо ҳазина кошту бардошти ин маҳсӯлро ҷуброн мекунад ва фоидаи чандоне барои кишоварзон боқӣ намегузорад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Бардошти 330 ҳазор тон пахта дар Тоҷикистон
- Коҳиши содироти пахтаи Тоҷикистон
- Содироти 33 ҳазор тони нахи пахта аз Тоҷикистон