Барномаи Тоҷикистон барои сохти биноҳои баланд дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i59288
Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба оғози тахриби сохтумонҳои ду ва чаҳортабақа дар Душанбе гуфт, қарор аст ба ҷои сохтумонҳои камиртифои тахриб шуда, сохтмонҳои 9 то 18 табақа сохта шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 22, 2020 15:16 Asia/Dushanbe
  • Дар Душанбе сохтумонҳои 9 то 18 табақа сохта мешавад
    Дар Душанбе сохтумонҳои 9 то 18 табақа сохта мешавад

Муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба оғози тахриби сохтумонҳои ду ва чаҳортабақа дар Душанбе гуфт, қарор аст ба ҷои сохтумонҳои камиртифои тахриб шуда, сохтмонҳои 9 то 18 табақа сохта шавад.

Ба гузориши Спутник, Шаҳноз Раҳматуллоҳзода афзуд, бо тавваҷуҳ ба инки 93 дарсади хоки Тоҷикистон кӯҳистонӣ аст, тасмим бар он аст, ки бештар ба самти сохти биноҳои баланд ҳаракат кунем.

Вай ҳамчунин аз оғози сохт биноҳои идорӣ ва умумии 25 ва 30 табақа дар шаҳри Душанбе хабар дод ва афзуд, тарҳҳои ҷомеъи навсозии тасвиб шуда дар Тоҷикистон, ки ба маънои таҷдиди тарроҳии шаҳрӣ аст, 90 дарсади шаҳрҳо ва шаҳристонҳоро дар баргирифта аст.

Раҳматуллоҳзода гуфт, тамомии барномаҳои шаҳрсозӣ мутобиқ бо тарҳи ҷомеъи тасвиб шудаи 8 соли пеш, иҷро мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: