Ноябр 22, 2020 16:01 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 20 миллионии марокизи тавлидии Суғд
    Қарзи 20 миллионии марокизи тавлидии Суғд

Мудири идораи кор ва муҳоҷирати вилояти Суғд аз 20 миллиону 446 ҳазор сомонии қарзи  марокизи тавлидии ин минтақа бобати пардохт нашудани ҳуқуқу дастмуздҳо дар 10 моҳи гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи раёсати вилояти Суғд, Абдуллатиф Қодирӣ гуфтааст, ки қарзи  ношӣ аз ҳуқуқҳои ба таъхири афтода дар шимоли Тоҷикистон дар 10 моҳи гузашта бо афзоиши 5 миллион сомонӣ ба 20 миллиону 446 ҳазор сомонӣ расидааст.

Вай афзуд, бахши саноат 14 миллиону 330 ҳазор сомонӣ, кишоварзӣ як миллиону 517 ҳазор сомонӣ, шабакаи обрасонӣ 3 миллиону 49 ҳазор сомонӣ, ҳамлу нақл як миллиону 402 ҳазор сомонӣ ва хадамоти шаҳрӣ ва сохтумонсозӣ низ 26 ҳазору 900 сомонӣ 17 ҳазору 700 сомонӣ ба коргарони хеш қарздоранд.

Аз дидгоҳи ин масъӯли идораи кору муҳоҷирати вилояти Суғд, мушкили умда дар ин замина, густариши вируси корона коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ аст, ки мӯҷиби нотавонии ин бахшҳо барои пардохт ҳуқуқу дастмуздҳо шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп