Узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё барои Тоҷикистон чӣ дастоварде дорад?
(last modified Mon, 23 Nov 2020 16:54:32 GMT )
Ноябр 23, 2020 21:54 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё даромади коргарони муҳоҷирро то 30 дарсад афзоиш хоҳад дод
    Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё даромади коргарони муҳоҷирро то 30 дарсад афзоиш хоҳад дод

Коршиносони Бонки рушди АвруОсиё эълом карданд, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даромади коргарони муҳоҷири тоҷик то 30 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши сомонаи "Спутник", ин коршиносон таъкид кардаанд, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё заминаи истифодаи Тоҷикистон аз тасҳилоти воридоту содироти маҳсулот дар бозори муштарак, афзоиши имкони сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ва рушди солонаи 3 дарсадии иқтисоди ин кишварро фароҳам хоҳад кард.
 
Ҳамчунин дар 5 соли нахусти пайвастани Тоҷикистон ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ ва дар пайи бекор шудани пардохти маблағи патент ва муҷаввизи кору иқомат даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик то солона якуним миллиард доллар афзоиш хоҳад ёфт.
 
Аз сӯи дигар мавзӯи пардохти нафақа барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ҳал хоҳад шуд.
 

Ин дар ҳоле аст, ки бо оғози тарҳи пардохти нафақаи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷир дар Русия аз аввали соли 2021 Тоҷикистон ба далели узвият надоштан дар ин иттиҳодия аз ин имтиёз маҳрум мемонад.


Мақомоти Тоҷикистон дар 5 соли ахир ҳар бор дар посух ба дархости Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтаанд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯ ҳастанд.
 
 
Бештар бихонед: