Афзоиши саҳми сангҳои қиматбаҳо дар сабади содиротии Тоҷикистон
Агенти давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки саҳми сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо дар содироти кишвар дар 10 моҳи охир то 55 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, содироти Тоҷикистон дар даҳ моҳи гузашта як миллиарду 200 миллион доллар арзоварӣ доштааст, ки аз ин рақам наздик ба 690 миллион доллар аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳост.
Ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019, 464 миллион доллар бештар аст.
Гуфта мешавад, ки мақсади беш аз 500 миллион доллар содироти сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон кишвари Шветсария будааст.
Аммо ба далели маҳрамона будани истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон дар бораи мизони содироти он хабаре мунташир намешавад.
Бо ин ҳол бахши қобили мулоҳизаи сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо ва металлҳои қимматбаҳои Тоҷикистон ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад.
Бештар бихонед: