Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иддаои хонаводаи Одинаевро рад кард
Бастагони муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон - Муҳаммадмурод Одинаев, ки се рӯз пеш нопадид шудааст, гуфтаанд, ки полис онҳоро бозҷӯӣ кардааст, мавзӯе, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон онро рад мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, Нусратуллоҳ Маҳмудзода сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари бозҷӯӣ ва дастгир шудани наздикони Одинаевро рад карда, гуфтааст: охирин бор бастагони Одинаев дар робита бо латкӯби як зан ба идораи полис даъват шудаанд.
Наздикони Муҳаммадмурод Одинаев муддаӣ шудаанд, ки афсарони вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Ҳисор онҳоро бозҷӯӣ ва бархеро боздошт кардаанд.
Муҳаммадмурод Одинаев пас аз он ки дар сафҳаи Фейсбуки худ аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷозаи тазоҳуроти рӯ ба рӯи Кохи раёсати ҷумҳуриро хоста буд, ба тарзи мармузе нопадид шуд ва то кунун наздикони ӯ муваффақ нашудаанд бо ӯ иртибот барқарор кунанд.
Агарчӣ ба дархости Одинаев ҷавоби расмӣ дода нашуд, аммо афроди ношинос ба тарафдорӣ аз давлат ӯро ҳадафи таҳоҷуми лафзӣ қарор доданд.
Ҳамсари яке аз бародарони ин сиёсатмадори мухолиф дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст: Се писари ман бозҷӯӣ шудаанд, дар ҳоле, ки мо чандин сол аст бо хонаводаи Одинаев иртиботе надорем.
Зоиров: Аз сарнавишти Одинаев иттилоъ надорем
Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистони Раҳматуллоҳ Зоиров ҳам бо ибрози беитилоъӣ аз сарнавишти Муҳаммадмурод Одинаев дар гуфтугӯ бо расонаҳои Тоҷикистон гуфтааст: "Кӯшиш мекунем мутаваҷҷеҳ шавем, ки чӣ иттифоқӣ барои ӯ афтодааст ва умедворем талошҳои мо дар ин замина натиҷа диҳад."
Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ охирин бор Одинаев рӯзи шанбе бо телефони шахси дигаре тамос гирифта ва аз боздошти хонавода ва дӯстонаш ба дасти полиси Ҳисор хабар додааст.
Одинаев ва моҷарои латкӯбии писар дар моҳи октябр
Дар моҳи октябри имсол Муҳаммадмурод Одинаев гуфта буд, афроди ношинос ба писараш ҳамла карда ва бинии ӯро шикаста ва аз ноҳияи сар ба ӯ осеб ворид карданд.
Вай муддаӣ шуда буд, ки "мақомоти давлатӣ бо ин равиш мехоҳанд ману сойири мунтақидони давлатро битарсонанд ".
Вазорати умури дохилии Тоҷикистони ин изҳороти Одинаевро такзиб карда ва гуфта буданд, ки писари Одинаев дар ҳолати мастӣ бо муштариёни ресторан дар шаҳри Ҳисор даргир шуда буд.
Бештар бихонед: