Теъдоди коронаиҳо дар Тоҷикистон дар марзи 12 ҳазор нафар
Ноябр 24, 2020 22:48 Asia/Dushanbe
-
То рӯзи 24 ноябр наздик ба 12 ҳазор бемори коронаӣ дар Тоҷикистон шиносоӣ шудаанд
Бо шиносоии 39 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон, теъдоди умумии ин беморон ба марзи 12 ҳазор нафар наздик шудааст.
Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид - 19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 971 нафар расидааст.
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи сешанбеи 24 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари қабл аст.
- Аз 11 ҳазору 971 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 355 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи гузашта 43 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.
Бештар бихонед:
- Маркази ҳамоҳангии иттилооти Ковид - 19 дар Тоҷикистон таъсис мешавад
- Шиносоии 40 бемори коронаии дигар дар Тоҷикистон
Барчасп