Дидори фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия бо вазири дифои Тоҷикистон
Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия ва вазири дифои Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкорҳои низомии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гузориши дафтари матбуотии ҳавзаи низомии марказии Русия, дар ин дидор генералҳо Александр Лапин (генерал-полковник Александр Лапин) ва Шералӣ Мирзо дар бораи зарурати тақвияти ҳамкориҳои низомии ду тараф баҳсу табодули назар карданд.
Вазири дифои Тоҷикистон аз нақши пойгоҳи низомии 201 дар кишвараш, ки тобеи ҳавзаи низомии марказии Русия мебошад, дар ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, кумак ба марзбонони тоҷик дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва омӯзиши низомиёни тоҷик ташаккур кард.
Фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия низ дар ин дидор гуфт: “Тайи се соли ахир низомиёни русии мустақар дар пойгоҳи низомии 201 ба ҳамроҳи артиши Тоҷикистон 12 размоиши муштараки зиддитеррористӣ баргузор карданд. Омӯзиши низомиёни тоҷик низ дар сатҳи бисёр болое роҳандозӣ шудааст”.
Генерал Лапин афзуд: “Мо метавонем аз таҷрибаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия, ки афсарони ҳавзаи низомии марказии Русия ба унвони мушовирин дар ин набардҳо ширкат кардаанд, дар раванди омӯзиши низомиёни тоҷик барои муқобила бо ҳар навъи таҳарруки гурӯҳҳои террористӣ истифода кунем”.
Лозим ба зикр аст, ки генерал Александр Лапин пас аз поёни амалиёти зидди гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ба симати фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия таъйини шуд.
Бештар бихонед: