Ноябр 27, 2020 22:28 Asia/Dushanbe
  • барқарории муҷаддади парвозҳо миёни Душанбе ва Хуҷанд
    барқарории муҷаддади парвозҳо миёни Душанбе ва Хуҷанд

Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйри Тоҷикистон эълом кард, ки аз рӯзи 29 ноябри соли ҷорӣ парвозҳо дар масири Душанбе ба Хуҷандро азсар мегирад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин парвозҳо ҳафтае дубор миёни пойтахти Тоҷикистон ва маркази вилояти Суғд анҷом мешавад, ки қӣмати билет барои як тараф 42 евро муқарар шудааст.

Дар баёнияи ширкати ҳавопаймоии Сомон - Эйр таъкид шудааст, ки доштани моску дастпӯш барои мусофирон дар ин парвоз илзомӣ мебошад.

Ҳамчунин дар вурудии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, таби мусофирон санҷида мешавад ва аз сафари афроде, ки дорои таби боло мебошанд, пешгирӣ хоҳад шуд.

Парвозҳо миёни Душанбе ва Хуҷанд ба далели густариши вируси корона дар моҳи марти соли ҷорӣ қатъ шуда буд.

 

Барчасп