Тарҳи ислоҳи қонуни танзими ҷашн ва маросим дар парламенти Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни танзими ҷашн ва маросимро баррасӣ мекунад, ки муҳимтарин меҳвари он хондани хутбаи никоҳ дар идораҳои сабти аҳвол аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Сайид Ҷаъфар Усмонзода намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст, ки дар сурати ислоҳи ин қонун заминаи ҳузури руҳониёни мусулмон дар идораҳои сабти аҳвол ва хондани хутбаи никоҳ дар ин маконҳо фароҳам мешавад.
Усмонзода мегӯяд: "бо ин иқдом дигар зарурате барои баргузории маросими ақд дар манзили арӯс, ки маъмулан бо додани зиёфат ва ҳадя ба ширкаткунандагон ҳамроҳ аст вуҷуд надорад ва аз ин ҳисоб метавон ҳазинаи арӯсро коҳиш дод ва ин маблағро барои ниёзҳои дигари хонавода харҷ кард. "
Дар сурати тасвиби тарҳи ислоҳи қонуни танзими ҷашну маросим, хондани хутбаи никоҳ дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бидуни зиёфат ва бо ҳазинаи андаке баргузор мегардад.
Ин дар ҳолест, ки теъдоде аз руҳониёни тоҷик мӯътақиданд ҳукумат қасд дорад бо ин иқдом ононро аз андак дастмузде, ки барои хондани хутбаи никоҳ дарёфт мекарданд маҳрум созад.
Бештар бихонед: