Тоҷикистон дар радифи кишварҳое бо масрафи ками машруботи спиртӣ
Ноябр 30, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
-
Дар Тоҷикистон истифода аз машруботи спиртӣ кам шудааст
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тоҷикистонро дар сафи кишварҳои дорои масрафи ками машруботи спиртӣ қарор дод.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин радабандӣ, ки дар миёни 189 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст, Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 130, Ӯзбакистон 138 ва ҷумҳурии Озарбойҷон 166 воқеъ шудаанд.
- Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори пайравии дигар кишварҳо из ин се ҷумҳурӣ барои муқобила бо густариши масрафи машруботи спиртӣ ва таблиғи сабки зиндагии солим шудааст.
Дар Тоҷикистон аз соли 2017 ҳар навъ таблиғоти машруботи спиртӣ дар расонаҳои хабарӣ мамнуъ мебошад. Ҳамчунин фурӯши анвои ин машрубот ва ҳатто оби ҷави дорои спирт дар марказҳои тиҷорӣ мамнуъ буда, танҳо аз фурӯшгоҳҳои вижа метавон ин маҳсулро дарёфт кард.
Бештар бихонед: