Афзоиши пасандозҳои Фонди захиравии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i59521-Афзоиши_пасандозҳои_Фонди_захиравии_раёсати_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_дар_соли_2021
Пасандозҳои Фонди захиравии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда 2 миллион доллар афзоиш меёбад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 01, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Амонати Фонди захиравии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда 404 миллион сомониро ташкил хоҳад дод
    Амонати Фонди захиравии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда 404 миллион сомониро ташкил хоҳад дод

Пасандозҳои Фонди захиравии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда 2 миллион доллар афзоиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои Фонди захиравии раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда 404 миллион сомонӣ (38 миллион доллар) муқаррар шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 20 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ин ба якуним фоизи қисми умумии хароҷоти буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 баробар аст, ки 28 миллиарду 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Фонди захиравии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 таъсис ёфтааст ва хароҷоти ин манбаъҳои молиявӣ танҳо дар ихтиёри Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Бештар бихонед: