Омӯзиш дар Тоҷикистон бо тақозои бозори кор ҳамоҳанг мешавад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонунеро тасвиб кард, ки бо иҷроии он омӯзишҳои тахассусӣ бар асоси тақозои бозори кори ин кишвар ироа хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи порлумонии садои мардум, Ширин Амонзода вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи ин қонун ба маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт: бар ин асос омӯзиши мутахассисон барои бозори кори Тоҷикистони тибқи ниёзи идорот, созмонҳо, ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ бо мушорикати масъулон ва коршиносони ин ниҳодҳо танзим хоҳад шуд.
Вай афзуд: ҳамчунин омӯзиши мутахассисони тоҷикистонӣ дар кишварҳои хориҷӣ бар асоси ниёзи бозори дохилии ин кишвар хоҳад буд.
Ба гуфтаи вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон иҷроии ин қонун заминаи омӯзиши мутахассисони тоҷик барои кор дар кишварҳои хориҷиро низ бар асоси ниёзи бозори кори он кишварҳо фароҳам хоҳад кард.
Мувофиқи маълумоти иқтисоддонҳои тоҷик, беш аз 70 фоизи хатмкардагони донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯи ихтисос дар дохили кишвар ҷои кори мувофиқ ва музди хуб пайдо карда наметавонанд ва маҷбуранд ба Русия кӯчанд ё касбро иваз кунанд.
Бештар бихонед: