Декабр 01, 2020 16:54 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти истеҳсолӣ дар минтақаҳои иқтисодии Суғд ва Данғара рушд мекунад
    Фаъолияти истеҳсолӣ дар минтақаҳои иқтисодии Суғд ва Данғара рушд мекунад

Арзиши молҳои дар корхонаҳо ва марказҳои саноатии ду минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда дар 10 моҳи охир ба 148,8 миллион (13 миллиону 100 ҳазор доллар) расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар Тоҷикистони 5 минтақаи озоди иқтисодӣ бо наздик ба 60 ширкати дохилӣ ва хориҷӣ сабт шудааст, ки теъдоде аз ин марокиз ҳанӯз фаъолияти худро оғоз накардаанд.
 
Дар ин миён марокизи тавлидии минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд  126 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар вилояти Хатлон 22 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулоти мухталиф тавлид кардаанд.

Аммо  ду минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар вилояти Хатлон ва Ишкошим дар вилоятиБадахшон бо вуҷуди гузашти солҳо аз таъсиси онҳо ҳанӯз ҳам фаъол нашудаанд.
 
Коршносон номуносиб будани маконҳои таъсиси ин манотиқ, набуди роҳҳои иртиботӣ ва даврӣ аз марокизи вилоятҳои Хатлон ва Бадахшонро иллати бетаваҷҷӯҳии сармоягузорони хориҷӣ ба ин ду минтақа унвон мекунанд.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп