Шиносоии 37 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон
Декабр 01, 2020 22:25 Asia/Dushanbe
Бо шиносоии 37 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон дар кишвар ба 12 ҳазору 231 нафар расид.
Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи сешанбеи аввали декабр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари қабл аст.
Аз 12 ҳазору 231 бемори гирифтори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 640 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи гузашта 41 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.
Бештар бихонед: