Декабр 01, 2020 22:25 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори Ковид -19 дар Тоҷикистон то рӯзи аввали декабри 2020 эълом шуд
    Охирин омори Ковид -19 дар Тоҷикистон то рӯзи аввали декабри 2020 эълом шуд

Бо шиносоии 37 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон дар кишвар ба 12 ҳазору 231 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамчунин шумори ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи сешанбеи аввали декабр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари қабл аст.

Аз 12 ҳазору 231 бемори гирифтори Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 640 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 41 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд. 

 

Бештар бихонед: 

Шиносоии 39 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон

Афзоиши теъдоди мубталоён дар Тоҷикистон