Декабр 02, 2020 15:39 Asia/Dushanbe
  • Ба рухсатӣ рафтани сарбозони оиладор ё азодори тоҷик дар давраи корона имконпазир шуд
    Ба рухсатӣ рафтани сарбозони оиладор ё азодори тоҷик дар давраи корона имконпазир шуд

Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз коҳиши карантин дар шароити густариши Ковид-19 ба қисмҳои низомӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, полковник Фаридун Муҳаммадализода гуфт: "Бар асоси барномаи коҳиши карантин, сарбозони издивоҷкарда ва афроде, ки наздикони худро аз даст додаанд ба мураххасии кӯтоҳмуддат мераванд."

Вай афзуд: "Сарбозони ба мураххасӣ рафта ба маҳзи бозгашт ба воҳидҳои низомии маҳалли хидмати хеш ба муддати ду ҳафта карантин мешаванд то аз олуда набудани онон ба вируси корона итминон ҳосилшавад."

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон қабл аз мураххасӣ ба сарбозон зарурати пойбандӣ ба муқаррароти беҳдоштӣ, доштани ниқоб ва риояти фосилаи иҷтимоӣ гӯшзад карда мешавад.

Вазорати дифои Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона бо ҳадафи ҳифзи саломатии сарбозон ва афсарон аз моҳи майи имсол ба таври муваққат мураххасӣ ва дидор бо хонаводаҳоро барои сарбозон мамнӯъ карда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп