Декабр 04, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • 41 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон дар рӯзи 4 декабри 2020 шиносоӣ шуданд
    41 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон дар рӯзи 4 декабри 2020 шиносоӣ шуданд

Бо шиносоии 41 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 349 нафар расид.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони корона дар ин кишвар низ то соати 19 рӯзи ҷумъа, чаҳоруми декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 87 нафари қабл аст.

  • Аз 12 ҳазору 349 бемори гирифтори Ковид -19 дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 758 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 40 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп