Ҷонбохтагони корона дар Тоҷикистон ҳамчунон 87 нафар аст
(last modified Sun, 06 Dec 2020 18:20:01 GMT )
Декабр 06, 2020 23:20 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 6 декабри соли 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 6 декабри соли 2020 эълом шуд

Бо шиносоии 39 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 428 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони корона дар кишвар низ то соати 19 рӯзи якшанбе 6 декабр соли 2020 бидуни афзоиш ҳамон 87 нафари қаблӣ аст.

Аз 12 ҳазору 428 бемори гирифтори Ковид-19 дар Тоҷикистон токунун 11 ҳазору 833 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 37 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп