Ҷалби вакили ҳуқуқии ботаҷриба барои ҳимоят аз Муҳаммадмурод Одинаев
(last modified Mon, 07 Dec 2020 10:10:25 GMT )
Декабр 07, 2020 15:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои дифоъ аз Муҳаммад Мурод Одинаев як вакили мудофеъ киро кардааст
    Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои дифоъ аз Муҳаммад Мурод Одинаев як вакили мудофеъ киро кардааст

Раиси сотсиал-демократии Тоҷикистон аз гирифтани як вакили мудофеи ҳуқуқии ботаҷриба барои дифоъ аз муовини боздоштшудаи ин ҳизб хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, ки барои итилоъ ёфтан аз далели боздошти муовинаш Муҳамадмурод Одинаев рӯзи душанбеи 7 декабр як гурӯҳ аз фаъолони ин ҳизб ба додситонии кулли кишвар хоҳанд рафт.

Зоиров мегӯяд муовини ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон боздошти худро сиёсӣ медонад.
 
 Ин дар ҳолест, ки додситонии кулли Тоҷикистон аз ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳамадмурод Одинаев ба иттиҳоми авбошӣ ва барҳам задани назми умумӣ аз тариқи таҳдиди кормандони идораи низоми  ноҳияи Ҳисор хабар додааст.

Дар баёнияи додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба боздошти Муҳамадмурод Одинаев таъкид шудааст: «Вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хизмати низомӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хонда ва бо кормандони идораи низоми  ноҳияи Ҳисор даргир шуда ва бо омадани кормандони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.»

 

 
 Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистони гуфтаанд муовини ҳизби сотсиал-демократии ин кишварн барои бозҷӯӣ ба додситонии ноҳияи Ҳисор мунтақил шудааст.
 
 
Бештар бихонед: