Тоҷикистон дар байни кишварҳои ноқизи озодиҳои динӣ қарор дорад
Вазорати хориҷаи Амрико боз ҳам Тоҷикистонро ба рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ қарор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Вазорати хориҷаи Амрико феҳристи солонаи ҷадиде аз поймолкунандагони озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳонро мунташир кард, ки дар ин феҳрист номи Тоҷикистон дар радифи 10 кишвари нахуст қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дидгоҳи Вазорати хориҷаи Амрикоро дар заминаи нақзи озодиҳои мазҳабӣ рад мекунад.
Сухангӯи комитети давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки гузориши Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи зиндагии мазҳабии мардуми Тоҷикистон ғайривоқеӣ аст ва бештар ахбори расонаҳоро мунъакис мекунад.
Бештар бихонед: