Декабр 12, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: дар Тоҷикистон ҳама сола ниёз ба масрафи барқ афзоиш меёбад
    Эмомалӣ Раҳмон: дар Тоҷикистон ҳама сола ниёз ба масрафи барқ афзоиш меёбад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми кишвараш хост бо ҳадафи сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгир кунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба лағви маҳлдудияти барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи 10 декабр гуфтааст, ки бояд мардуми ин кишвар фарҳанги масрафи барқро ёд бигиранд ва ба ин манзур бояд аз истифодаи васоили ғайриистандартии гармояшӣ ҷилавгирӣ шавад.

Вай афзуд,  дар Тоҷикистон ҳама сола ниёз ба масрафи барқ афзоиш меёбад ва ин дар ҳоле аст, ки барои тавлиди ин навъ энержӣ, ҳукӯмат ҳазинаҳои ҳангуфте мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин назорати ҷиддӣ бар раванди дуздии барқро хостор шуд.

Таъсиси Ситоди ҷумҳуриявии назорат бар раванди масрафи барқ дар Тоҷикистон

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон барои афзоиши назорат бар масрафи барқ, ситоди вижаи ҷумҳуриявӣ таъсис шуда, ки шомили намояндагони вазорати корҳои дохила Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик” аст.

Яке аз вазоифи ин ситод ифшоии мавориди сирқати барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи ин навъи энержӣ аст.

Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран пас аз наздик ба 3 моҳ ҷирабандии барқ дар Тоҷикистон, ин маҳдӯдиятро аз рӯзи10 декабр лағв кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп