Таъини ҷарима барои напардохтани роҳкиро ва бағоҷу бор дар нақлиёт
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни пардохт кирояи роҳ ва ҳазинаи интиқоли бор дар ҳамлу нақл барои мутахаллифон аз ин қонун 15 сомонӣ, ҷарима таъин кард.
Ба гузориши сомонаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бар асоси ислоҳоти ин қонун аз ин пас “тамомии мусофирон дар Тоҷикистон ҳангоми сафар дар поезд, ҳавопаймо, киштиҳои обӣ, таксиҳои сайрхат ва дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии байнишаҳрӣ аз ҷониби мусофир пардохт накардани бағоҷ боиси татбиқи ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима мегардад”.
Раҳмон Дилшод, узви Маҷлиси миллӣ гуфт, "Зимнан, моддаи 295 замимаи 1 барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар татбиқи ҷаримаро ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян намудааст",
Намояндагони ширкатҳои ҳамлу нақл ва пулис бар раванди иҷрои ин муқаррарот назорат хоҳанд кард ва мутахаллифон 15 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Ҳамакнӯн дар шаҳрҳои Тоҷикистон дар автобусҳо кирояи роҳ бо карт пардохт мешавад, вале таксиҳои бахши хусӯсӣ, нақдӣ кор мекунанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот дар Тоҷикистон
Ҳазина шудани бештари қарзҳои арабӣ дар тарҳҳои нақлиётии Тоҷикистон