Ҳафт моҳи бехабарӣ аз сарбози гумшудаи тоҷик
(last modified Sun, 13 Dec 2020 17:13:39 GMT )
Декабр 13, 2020 22:13 Asia/Dushanbe
  • Дар даҳсолаи охир се ҳодисаи нопадид шудани сарбозони тоҷик ба қайд гирифта шудааст
    Дар даҳсолаи охир се ҳодисаи нопадид шудани сарбозони тоҷик ба қайд гирифта шудааст

Падару модари Иброҳим Абдузоҳиров сокини ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар тӯли ҳафт моҳ аз писарашон, ки довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафтааст, хабаре надоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Иброҳим Абдузоҳиров, ки 20 сола мебошад 7 моҳ қабл довталабона ба хизмати сарбозӣ рафт ва телефонӣ хабар дод, ки дар воҳиди нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи  Панҷакенти вилояти Суғд хизматро оғоз кардааст.

Ҳоло бо гузашти 7 моҳ аз ин тамоси телефонӣ дигар хабаре аз Иброҳим Абдузоҳиров нест ва ҷустуҷӯҳои низомиёну бастагонаш дар ду ноҳияи Ҷомӣ ва Панҷакент низ ба ҷое нарасидааст.

Ин ки аз афсарони воҳиди маҳалли хизмати ин сарбоз ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст: « Ба эҳтимоли қавӣ Иброҳим Абдузоҳиров бо ба ҷо гузоштани аслаҳааш посгоҳи марзбонӣ дар марз бо Ӯзбакистонро тарк карда ва фирорӣ маҳсуб мешавад .» 

Фармондеҳони низомӣ мегӯйанд, ки дар чунин маворид маъмулан сарбозони фирорӣ ба назди волидайни хеш бозмегарданду дубора боздошт ва ба маҳалли хизмат эъзом мешаванд, вале моҷарои Иброҳим Абдузоҳиров чунин нест.

Дар як даҳаи ахир се мавриди гум  шудани сарбозони тоҷик сабт шуда, ки ҳеч асаре аз онон ба даст наомадааст.

 

Бештар бихонед: