Шиносоии 36 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i59939-Шиносоии_36_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Бо шиносоии 36 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 777 нафар расид.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 15, 2020 22:19 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи сешанбеи 15 декабри 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи сешанбеи 15 декабри 2020 эълом шуд

Бо шиносоии 36 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 777 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 дар Тоҷикистон низ то соати 19 рӯзи сешанбеи 15 декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 88 нафари қабл аст.

Аз 12 ҳазору 777 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 212 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 40 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед: