Таъхири суханронии раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон
(last modified 2020-12-17T09:29:21+00:00 )
Декабр 17, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон ба таъхир афтод
    Суханронии раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон ба таъхир афтод

Суханронии солонаи раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони кишвар, ки маъмулан дар авохири моҳи декабр буд, ба замони дигаре афтод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, манобеъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки иллати ба таъхир афтодани суханронии солонаи Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони ин кишвар, баргузор шудани иҷлоси натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020 дар моҳи январи соли ҷадиди 2021 мебошад.

Акнун бар асоси барномарезии ҳукумати Тоҷикистон нишасти натиҷагирӣ аз соли 2020 ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон дар моҳи январи соли 2021 баргузор хоҳад шуд.

Аз соли 2015 бар асоси риволи маъмӯл, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр бо арзёбии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари барномаи самту сӯи сиёсати хориҷӣ ва дохилиро барои соли баъд мушаххас мекунад.

Дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, масъулони созмонҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва марокизи илмӣ ва донишгоҳии кишвар низ ширкат мекунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп