Декабр 18, 2020 22:15 Asia/Dushanbe
  • Додситонии кулли Тоҷикистон бо тахфифи муҷозоти Далер Шарифов мувофиқат накард
    Додситонии кулли Тоҷикистон бо тахфифи муҷозоти Далер Шарифов мувофиқат накард

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон 40 рӯз монда ба поёни маҳкумияти яксолаи Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, бо тахфифи муҷозот ва тағйири режими нигаҳдории ӯ аз ҳабси умумӣ ба шартӣ  мухолифат кардаанд.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, раёсати Идораи зиндонҳои Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Додситонии кулли ин кишвар, хостори тахфифи муҷозоти Далер Шарифов шуда буд, ки ин пешниҳод рад шудааст.

Абдуманнон Шарифов, падари Далер гуфтааст, ки дар номаи Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид шуда, ки ин рӯзноманигор унсури хатарнок барои ҷомеа мебошад ва ба ҳамин далел бо дархости тахфифи муҷозоти вай мухолифат мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17 апрели соли ҷорӣ Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавону шинохташудаи ин кишварро ба як соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлаб бо муҳтавои ифротгароиро мунташир ва дар соли 2019 низ ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае бо унвони “Муҳаммад (с)” ба шуморагони 100 нусхаро бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнӯаи Ихвоналмуслимин таҳия кардааст.

Ин дар ҳолест, ки вай дар ин рисола талош кардааст иттиҳоми иртиботи терроризм бо дини Исломро рад кунад.

Созмон‌ҳои ҷаҳонии Дидабони ҳуқуқи башар ва Гузоришгарони бидуни марз бо беасос хондани иттиҳомоти Далер Шарифов, аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки вайро бидуни қайду шарт озод кунад.

 

Бештар бихонед:

Дархости падари Далер Шарифов аз масули ҳуқуқи башари ҳукумати Тоҷикистон

Радди дархости озодии қабл аз муҳалти Далер Шарифов

Барчасп