Декабр 23, 2020 11:42 Asia/Dushanbe
  • Бонки Рушди Осиё мегӯяд, ки пулӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ гузоштааст
    Бонки Рушди Осиё мегӯяд, ки пулӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ гузоштааст

Бонки Рушди Осиё эълом кард, ки суръати афзоиши пулӣ шудани ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд тиҷорати дохилии Тоҷикистонро 19 дарсад коҳиш додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  Топ Ти Ҷи, Бонки Рушди Осиё дар гузориши таҳқиқии хеш эълом кард, ки афзоиши ҳазинаи интиқоли маҳсулот аз роҳи Душанбеи- Хуҷанд баъд аз  пулӣ шудани ҳаракат дар он махориҷи бахши хусусро афзоиш ва даромади бозаргононро 19 дарсад коҳиш дод.

Ин масири 300 километрӣ бо ҷазби воми наздик ба 300 миллион доллари  Чин бозсозӣ шуд ва акнун мудирияти он бо ширкати Британияии Innovative Road Solutions ( IRS ) аст ки дар ҷазоири Вирҷиния сабти ном шуда исми молики тоҷикистонии он мушаххас нест ва аз имтиёзи пардохти молиёт ба муддати 30 сол низ муъоф шудааст. 

Дар гузориши Бонки Рушди Осиё таъкид мешавад: «аз соли 2010 ки ҳаракат дар ин роҳ  пулӣ шуд, барои мошинҳои саворӣ пардохти 11 доллар ва барои камюнҳо 100 доллар андоз муқарар шудааст.»

Ҳамчунин матни қарордоди ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати ёдшуда мунташир нашуда ва ин вогузорӣ бидуни баргузории муноқиса анҷом шудааст.

Тоҷикистон муваззаф шудааст воми наздик ба 300 миллион доллари Чин бобати бозсозии ин роҳро бо суди 2 дарсад дар ҳар сол тайи 20 сол бозпардохт кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп