Коҳиши 6 дарсадии гардиши молии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ
(last modified Wed, 23 Dec 2020 14:47:12 GMT )
Декабр 23, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Арзиши мубодилоти Тоҷикистон бо ИДМ имсол ба беш аз 2. 1 миллиард доллар расидааст
    Арзиши мубодилоти Тоҷикистон бо ИДМ имсол ба беш аз 2. 1 миллиард доллар расидааст

Гардиши молии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар 11 моҳи гузашта дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 мелодӣ 6,2 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, арзиши мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар моҳҳои январ то ноябри имсол дар маҷмуъ беш аз 2. 1 миллиард доллар баровард шуда, ки ҳудуди 51 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии ин кишварро ташкил ме‌диҳад.

Дар ҳамин ҳол, мубодилаи тиҷории Тоҷикистон дар ин давра танҳо бо Беларус 84 дарсад ва Озарбойҷон 7. 9 дарсад афзоиш ёфтаву бо дигар кишварҳои узви ИДМ коҳиш доштааст.

Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар чорчӯби ИДМ дар ин давра Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистон будаанд.

Тарози тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳам дар ин давра манфӣ ва воридоти маҳсулот 7. 4 баробар аз содирот бештар будааст.

Бо ин ҳол дар 11 моҳи гузашта содироти маҳсулоти тоҷикистонӣ бо вуҷуди ҳамагирии вируси корона дар ҷаҳон аз як миллиарду 322 миллион доллар убур кардааст.

 

Бештар бихонед: