Тоҷикистон ва Кувайт дар мавриди афзоиши тиҷорат байни ду кишвар гуфтугӯ карданд
(last modified 2024-10-02T06:46:31+00:00 )
Октябр 02, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Кувайт дар мавриди афзоиши тиҷорат байни ду кишвар гуфтугӯ карданд

1 октябр, Зубайдулло Зубайдзода, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Халифа Абдуллоҳ ал-Аҷил, вазири тиҷорат ва саноати кишвари Кувайт дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор мавзуоти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ ва саноат бавижа афзоиши табодули коло байни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Тарафайн зимни ибрози ризоят аз сатҳи равобити ду кишвар бар густариши бештари ҳамкориҳо таъкид карданд.

 

Барчасп