Пушти пардаи таноқузҳои оморӣ дар бораи коҳиши даромади коргарони муҳоҷири тоҷик
(last modified Wed, 23 Dec 2020 16:55:49 GMT )
Декабр 23, 2020 21:55 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Тоҷикистон дар бораи даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик оморҳои мухталифе ироа медиҳанд
    Русия ва Тоҷикистон дар бораи даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик оморҳои мухталифе ироа медиҳанд

Бонки Миллии Тоҷикистон бо радди изҳороти мақомоти Бонки марказии Русия дар бораи коҳиши 37 дарсадии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик, ин коҳишро танҳо 9 дарсад эълом кардаанд.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Бонки марказии Русия ахиран эълом кард, ки коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар 11 моҳу 20 рӯзи ахир як миллиарду 244 миллион доллар ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 37 дарсад коҳиш нишон медиҳад.

Аммо мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бидуни ишора ба омори 11 моҳу ними ахир эълом кардаанд, ки даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия дар 9 моҳи нахусти имсол танҳо 9 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷамшед Нурмуҳмд зодаи раис барканор шуда банки миллии Тоҷикистони тобистони имсол гуфта буд, ки дар шаш моҳи нахусти имсол коргарони тоҷик аз Русия ба кишварашон 195 миллион доллар даромад ирсол кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 коҳиши 14, ним дарсадӣ нишон медиҳад.

 

Коршиносон чӣ мегӯянд?

Пайрав Чаҳоршанбиев, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон муътақид аст, ки Бонки миллии ин кишвар ба ду далел намехоҳад омори воқеии коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик дар шароити густариши вируси корона аз Русияро ошкор кунад.

Вай афзуд: Ошкор шудани ин омор воқеияти вобастагии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ба манобеи молии ирсолӣ аз хориҷро собит мекунад ва аз сӯи дигар муҷиби эҷоди ноумедӣ дар афкори умумии ин кишвар хоҳад шуд.

Дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 700 миллион доллар ирсол карда буданд.

 

Бештар бихонед: