Қазоқистон 100 дастгоҳи танаффуси сунъӣ ба Тоҷикистон ҳадия кард
(last modified Thu, 24 Dec 2020 07:50:00 GMT )
Декабр 24, 2020 12:50 Asia/Dushanbe
  • Барои мубориза бо корона Қазоқистон 100 дастгоҳи танаффуси сунъӣ ба Тоҷикистон ҳадия кард
    Барои мубориза бо корона Қазоқистон 100 дастгоҳи танаффуси сунъӣ ба Тоҷикистон ҳадия кард

100 дастгоҳи танаффуси сунъии сохти Қазоқистон барои кумак ба беморони коронаӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе мунтақил шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди саноат ва зерсохтҳои Қазоқистон, ин таҷҳизот ба дастури Қосим Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури ин кишвар ба Тоҷикистон ба унвони кумаки башардӯстона ирсол шудааст.

Дар ин хабар таъкид шудааст, ки дастгоҳҳои танаффуси сунъӣ дар корхонаи  «Тыныс» дар Кокшетау тавлид мешавад ва қобили истифода дар бемористонҳо, хонаҳо ва мошини ёрии таъҷилӣ аст.

Қиммати як дастгоҳи танаффуси сунъӣ наздик ба ҳазору 700 доллар эълом шудааст.

Дар шароити густариши вируси корона Тоҷикистон аз 60 кишвари хориҷӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 45 миллиону 100 ҳазор доллар кумакҳои башардӯстона барои муқобила бо Ковид 19 дарёфт кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: