Декабр 24, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ гузориш дод корона ба Тоҷикистон хисорати зиёде ворид кардааст
    Бонки Ҷаҳонӣ гузориш дод корона ба Тоҷикистон хисорати зиёде ворид кардааст

Бонки Ҷаҳонӣ аз хисороти бузурги густариши Ковид 19 ба иқтисоди Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Авесто, дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ ба номи "кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон дар шароити коронаӣ" мунташир шуд, аз таътилии марказҳои тавлидӣ ва тиҷорӣ, коҳиши фаъолиятҳои бахши хусӯсӣ, коҳиш даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ ва уфти мизони сармоягузорӣ дар тарҳҳои зербиноӣ ёд мешавад, ки ношӣ аз таъсири мустақими густариши ин беморӣ мебошад.

Суръати рушди тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба 4.2 дарсад расидааст дар ҳоле, ки ин шохис соли 2019 наздик ба 7. 2 дарсад буд.

Ин гузориш меафзояд: «агар дар муддати 9 моҳи имсол тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон афзоише дошта, танҳо аз ҳисоби содироти сангҳои қиматӣ ва нимақиматӣ(гавҳарсангҳо), фулузоти рангӣ ва маводи маъданӣ муяссар шудааст.»

Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки дар соли 2020 ба далели коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ ба таври қатъ дар Тоҷикистон мизони фақр афзоишихоҳад ёфт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп