Як мақоми тоҷик: мардум барои поён додан ба барқдуздӣ ҳамкорӣ кунанд
(last modified Sat, 26 Dec 2020 08:15:00 GMT )
Декабр 26, 2020 13:15 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон ҳамарӯза гурӯҳҳои муштарак масрафи барқро баррасӣ мекунанд
    Дар Тоҷикистон ҳамарӯза гурӯҳҳои муштарак масрафи барқро баррасӣ мекунанд

Муовини шаҳрдори Кӯлоб бо ибрози таассуф аз дӯздии барқ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикистон худро мусулмон медонанд, вале ҳамарӯза мавориди зиёди дуздии барқ ва исроф дар масрафи энержӣ дар ин кишвар дида мешавад.

Ба гузориши Спутник, Орзу Ҳамидиён афзуд, ин дар ҳоле аст, ки мардум ба унвони мусулмон, мардум муваззафанд, ки дар шароити сахти зимистони имсол барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ ва поён додан ба дуздии ин неъмати илоҳӣ, кӯшиш карда ва омидона худро ба гуноҳ олӯда накунанд.

Дар Тоҷикистон акнӯн бар асоси дастури Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ ҳамарӯза гурӯҳҳои муштарак масрафи барқро баррасӣ ва мавориди дуздии барқро ошкор мекунанд.

Ин ситоди шомили намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик” аст.

Яке аз вазоифи ин ситод ифшосозии сирқати барқ, шиносоии қарздони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: