Декабр 26, 2020 14:06 Asia/Dushanbe
  • Муомилоти тиҷории Тоҷикистону Узбакистон 300 миллиондоллар эълом шудааст
    Муомилоти тиҷории Тоҷикистону Узбакистон 300 миллиондоллар эълом шудааст

Густариши вируси корона муомилоти тиҷории Тоҷикистон Ӯзбакистонро дар 11 моҳи гузашта дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл 7 дарсад коҳиш додааст.

Ба гузориши сомонаи Авесто, дар ин муддат мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистону Ӯзбакистон 300 миллиондоллар эълом шуда, ки ин шохис дар соли 2019 наздик ба 362 миллиондоллар будааст.

Дар 11 моҳи гузашта Узбакистон ба Тоҷикистон 225 миллиондоллар маҳсӯлот содир карда, ки баробар бо 75 дарсад аз кули муомилоти тиҷории ду кишвар аст.

Аммо аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон дар 11 моҳи гузашта 75 миллиондоллар маҳсӯл содир шуда, ки 25 дарсад аз муомилоти тиҷории ду кишварро ташкил медиҳад.

Ин омор дар ҳоле мунташир мешавад, ки се моҳ пеш эълом шуда буд, мизони содироти маҳсӯлоти Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар ҳашт моҳи нахусти имсол бо 65 миллиондоллар афзоиш ба 317 миллиондоллар расидааст.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки омори муомилоти тиҷории эъломӣ аз сӯи Тоҷикистону Ӯзбакистон умдатан мутафовит аст.

Ӯзбакистон ба Тоҷикистони гази табиӣ, маҳсӯлоти бофандагӣ, кафш, маводи шимиёӣ ва таҷҳизоти барқӣ содир мекунад ва аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон низ  алюминийи аввалия, барқ, семент, пахта ва фарш содир ме‌шавад.

Алексей Маслов, мудири пажӯҳишгоҳи Ховари Дури Русия мегуяд, густариши Ковид 19 мӯҷиби коҳиши 15 то 50 дарсадии бахшҳое аз иқтисоди ин ду кишвари ҳамсоя шуда ва дар коҳиши 7 дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистону Ӯзбакистон муассир будааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп