Декабр 27, 2020 21:16 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик дар Чин
    Мушкилоти ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик дар Чин

Коршиносони рус мӯътақиданд, ки Чин ба далели рушди сареъи фановариҳои ҷадид ва камбуди нерӯи кор маҷбур хоҳад шуд, ки дар ояндаи наздик иқдом ба ҷазби коргарони муҳоҷир аз хориҷ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Алексей Ракша ва Алексей Каринов мӯътақиданд, ки Чин дар ояндаи наздик ногузир муҳоҷирони кориро аз хориҷа ҷалб хоҳад кард ва ҳоло нерӯи кориро аз як қатор кишварҳои Африқо ворид мекунад.

Аммо дар мавриди ҷазби коргарони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон мавонеъе вуҷуд дорад, ки ба мавзӯи донистани забони чинӣ бармегардад.

Ҳамчунин мушкили таъомули сокинони бумии Чин бо коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла мусулмонони Осиёи марказӣ ва ба вижа тоҷикҳо матраҳ мебошад, зеро дар мавриди бархӯрди Чин бо қавми уйғуриҳои мусулмон дар минтақаи Шинҷон-Уйғур мулоҳизоте вуҷуд дорад, ки ба ин мавзӯ бе таъсир нахоҳад бу. Аз ин рӯ аз дидгоҳи коршиносони русӣ барои ояндаи наздик Русия ба унвони кишвари пазироии коргарони муҳоҷир аз ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчунон дар авлавият қарор хоҳад дошт.

Барчасп