Парвозҳо аз Душанбе ба Дубай ва Истанбул афзоиш меёбад
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои афзоиши парвозҳо аз Душанбе ба Дубайи Иморот ва Истанбули Туркия муҷаввизи мақомоти расмии тоҷикро дарёфт карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бо иҷозаи Ситоди марказии мубориза бо коронаи Тоҷикистон, дар масири Душанбе – Дубай – Душанбе ва Душанбе – Истанбул – Душанбе, ки пеш аз ин ҳафтае як парвоз анҷом мегирифт, аз ин ба баъд 4 парвоз барқарор хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, дар масири Душанбеву Дубай ҳар як аз ширкатҳои ҳавопаймоии «Флай Дубай» ва «Сомон Эйр» ҳафтае 2 бор ва дар масири Душанбеву Истанбул ширкатҳои «Туркиш Эйрлайнс» ва «Сомон Эйр» ҳафтае 4 бор парвоз хоҳанд дошт.
Тасмим ба коҳиши парвозҳо дар масири Душанбе ба Дубай ва Истанбул барои ҷилавгирӣ аз густариши мавҷи дувуми корона гирифта шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки мавзӯи азсаргирии парвозҳои муназзами Тоҷикистон бо Чин, Русия ва Ӯзбакистон то кунун ҳал нашудааст.
Бештар бихонед:
- Чиниҳо иҷоза надоданд парвози Тоҷикистон - Чин барқарор шавад
- Парвози Тошканд – Душанбе; шояд вақте дигар
- Барқарории парвозҳои вижа аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба Тоҷикистон