Коҳиши 67 дарсадии вуруди мусофирон ба меҳмонхонаҳои Тоҷикистон
(last modified Tue, 29 Dec 2020 08:52:10 GMT )
Декабр 29, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон имсол як миллион сайёҳи хориҷиро аз даст додааст
    Тоҷикистон имсол як миллион сайёҳи хориҷиро аз даст додааст

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише аз коҳиши 67 дарсадии пазириши меҳмонон дар меҳмонхонаҳои Тоҷикистон дар 11 моҳи гузашта хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Банки ҷаҳонӣ дар гузориши тозае бо унвони "Кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити корона" эълом кардааст: густариши вируси корона ба бахшҳои меҳмондорӣ ва гардишгарӣ дар Тоҷикистони хасорати вазнин ворид кардааст.

Тибқи ин гузориш, хидматрасонии ресторанҳо дар ин муддат 19,5 дарсад ва хадамоти нақлиёт 14 ва сеяки фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар ёздаҳ моҳи гузашта хадамоти меҳмондорӣ ва ресторанҳо дар ин кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо 993 миллиону 300 ҳазор сомонӣ коҳиши даромади баробар бо 24-у ним дарсад рӯ ба рӯ шудааст.

Густариши вируси корона мӯҷиб шудааст, ки Тоҷикистон имсол як миллион гардишгари хориҷиро, ки метавонистанд манофеъи молии зиёдеро барои ин кишвар ба ҳамроҳ дошта бошанд аз даст бидҳад.

Дар соли 2019 як миллиону 254 ҳазор гардишгари хориҷӣ вориди Тоҷикистон шуданд, ки имсол ба далели густариши бемории Ковид- 19 ин раванд мутаваққиф шудааст.

 

Бештар бихонед: