Хабари хуш барои вирусшиносони Тоҷикистон
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон аз таъсиси озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар ин маркази илмӣ дар соли 2021 хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, ки густариши вируси корона зарурати таъсиси озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар Тоҷикистонро матраҳ мекунад, ки дар соли 2021 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Раҳимӣ гуфт, ки ба ин манзур дар заминаи омӯзиши мутахассисони тоҷик бо фарҳангистонҳои улуми Чин ва Белорус тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки ин афрод бо бозкушоии марзҳо ба ин ду кишвар фиристода мешаванд.
Густариши Ковид - 19 нишон дод, ки бидуни доштани марказҳои пажӯҳишӣ, роҳандозии сохти дору ва таҷҳизоти мавриди ниёзи бахши тандурустӣ дар дохили Тоҷикистон, мубориза бо ин бемории фарогир ғайримумкин мебошад.
Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, манобеи молӣ барои таъсиси ин озмоишгоҳ фароҳам шудааст.
Бештар бихонед: