Шиддат ёфтани муҷозоти ғайриқонунии сохтусозҳо дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 30 Dec 2020 07:29:49 GMT )
Декабр 30, 2020 12:29 Asia/Dushanbe
  • Аз аввали соли 2021 ҷарима барои сохтмони ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон вазнинтар хоҳад буд
    Аз аввали соли 2021 ҷарима барои сохтмони ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон вазнинтар хоҳад буд

Дар Тоҷикистон қонуни муҷозоти сохтусозҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла хонаҳо шиддат ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, бар асоси ислоҳияи ворида ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки ахиран дар маҷлиси намояндагон тасвиб шуд, аз аввали январи соли 2021 ҳар навъи сохтусози таъсисот аз ҷумла хонаҳои бидуни муҷаввизи мақомот ва дар сурати надоштани таъйиди идораи меъмории маҳаллӣ ҷаримаи молии 6 то 12 ҳазор сомониро ба дунбол хоҳад дошт.

Ҳамчунин мақомоти ҳукуматӣ барои судури муҷаввизи сохтусоз дар заминҳои зироатӣ ба маблағи 12 то 24 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Дар Тоҷикистон мавзӯи фурӯши замин барои сохти хона бештарин мавридҳои ҷурм ва ҷиноят, аз ҷумла ришваситониро сабаб мешавад.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон чанд рӯз қабл эълом кард,  ки дар соли 2020 ба далели вогузории ғайримуҷози заминҳои давлатӣ 3 ҳазору 248 нафар ба пардохти ҷарима маҳкум шудаанд.

Дар паи иқдомоти мақомоти додситонӣ 6 ҳазору 286 гектар замини зироатӣ аз тасарруфи афрод озод шудааст.

Дар Тоҷикистон, ки масоҳати куллии он 142 ҳазор километри мураббаъ ва 93 дарсади он кӯҳистонӣ аст, дар 20 соли ахир 134 ҳазор гектар замини зироатӣ барои сохти хона ба сокинони кишвар, ки наздик ба 9 миллиону 500 ҳазор ҳастанд вогузор шудааст.

Ҳамчунин 10 ҳазор гектар заминро барои сохти бемористонҳо, мактабҳо, корхонаҳо ва дигари муассисот ихтисос додаанд.

 

Бештар бихонед: