Вазири кор валодати нахустин панҷгоник дар таърихи Тоҷикистонро ба фоли нек гирифт
Вазири меҳнат (кор), муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо аёдат аз модаре, ки нахустин бор дар таърихи ин кишвар фарзандони панҷгоник ба дунё овардааст, барои онон орзӯи саломатӣ кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Ширин Амонзода бо ҳузур дар зоишгоҳи пажӯҳишии модару кӯдак дар шаҳри Душанбе, ба дунё омадани фарзандони панҷгоникро ба модари онон табрик кард.
Гуфта мешавад, ки Дилноза Муҳаммадова, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ахиран нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон панҷгоник ба дунё овард, ки се духтару ду писар мебошанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таваллуди ин кӯдаконро ба фоли нек гирифтаву таъкид кардааст, ки Ҳукумат ба ин хонавода кумак хоҳад кард.
Табибон ҳоли модару 5 фарзандашро хуб арзёбӣ кардаанд.
Ин хонавода қабл аз ба дунё омадани панҷгоникҳо дорои ду фарзанд будаанд.
Чанде қабл низ як завҷ дар Душанбе соҳиби чаҳоргоник шуда буданд.
Соли 2014 низ хонаводае дар Душанбе соҳиби чаҳоргоник шуданд ва мақомоти шаҳрдорӣ ба онҳо як манзили маскунӣ туҳфа карданд.
Бештар бихонед: