Ноябр 16, 2023 18:10 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Таомули ҳаддиаксарӣ бо минтақа дар конуни сиёсати хориҷии Теҳрон қарор дорад

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт: Таомул ва пайвастагии ҳаддиаксари бо кишварҳои минтақа аз ҷумла кишварҳои узви Созмони Шанхай ва ҳузури муассир дар таомулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар конуни сиёсати хориҷии Теҳрон қарор дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Алиризо Ҳақиқиён-сафири Эрон дар Тоҷикистон дар нишасти Академияи мудирияти давлатии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҳамкори Шанхайро яке аз муҳимтарин марказҳои тавсеаи иқтисоди ҷаҳонӣ донист ва гуфт: Таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ниҳодҳои муҳимме ҳамчун Созмони ҳамкориҳои Шанхай баёнгари ширкат дар талошҳои кишварҳои ҳамсу барои пайрезии як низоми байналмиллалии одилона, мутаолӣ ва устувор бар мушорикат аст.

 Ҳақиқиён афзуд: Зарфиятҳои болои Эрон дар бахшҳои мухталиф метавонад дар тақвияти иртибототи минтақаӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва дастрасии аъзо ба бозорҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифта ва манофеъи иқтисодии фаровонеро насиби аъзои созмон аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон кунад.

 Сафири Эрон дар Душанбе ҳамчунин дар дидор бо Гулнора Ҳасанзода-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо таъкид бар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар тайи ду соли гузашта дар арсаҳои мухталиф, тавонмандиҳои Эрон дар бахши омӯзиши фаннӣ-касбӣ, фановарӣ ва тавлиди таҷҳизоти марказҳои зирабтро ташреҳ ва зарурати афзоиши талошҳои ду тараф барои амалиётӣ шудани тавофуқоти дуҷонибаро лозим донист.

 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба зарфияти болои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар заминаҳои омӯзишӣ ҷиҳати тарбияти неруи мутахассиси фаннӣ дар бахшҳои саноъат, кишоварзӣ ва саноеъи дастӣ ишора кард ва таомули Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Тоҷикистон дар хусуси омӯзиши ҳунарҷуёни ин кишвар дар бахшҳои мухталифи маҳоратӣ ва касбиро дорои аҳамият донист.

 

Барчасп