Июн 02, 2024 09:51 Asia/Dushanbe
  • Гузориши OpenAI: Исроил аз тариқи ҳуши маснуъии афкори умумии ҳиндро дасткорӣ мекунад
    Гузориши OpenAI: Исроил аз тариқи ҳуши маснуъии афкори умумии ҳиндро дасткорӣ мекунад

Ба гузориши OpenAI , ширкатии мустақар дар Исроил бо истифода аз ҳуши маснуъи дар дидгоҳи райдиҳандагон дар интихоботи Ҳинд дахолат кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон барпояи иттилооти мунташираи OpenAI, Исроилиҳо аз ҳуши маснуъи (AI) барои тавлид ва виройиши мақолоти веб ва назарсозӣ дар расонаҳои иҷтимои Ҳинд истифода кардаанд.

Ин муҳтаво дар платформҳои расонаҳои иҷтимоӣ монанди X, Инстогиром, Фесбук ва Ютюб ба иштирок гузошта шуда аст.

Таҳқиқоти OpenAI нишон медиҳад, ширкати STOIC мустақар дар Исроил бо шиносои шикофҳо миёни аҳзоби ҳиндӣ бавижа ҳизби BJP бо дигари аҳзоби муҳтавои худро тавлид мекарда аст.

Ин муҳтаво бо ҳадафи ба ҳошия рондан садоҳои интиқодии зидди Исроил ва тавсеаи ихтилофоти дарунии Ҳинд, афкори умумии ҳиндро нишона гирифта будаанд.

Ҳамчунин амалиёти махфиёнаи ин маҷмӯъаи Исроилӣ талош мекарда аст то афкори умумии номатлуб бо сиёсатҳои Исроилро дасткори кунад ва бар натоиҷи сиёсӣ дар манотиқи мухталифи таъсири бигузорад.

Ба гузориши OpenAI ин бозигарони Исроилӣ, талош карданд мардуми Ҳиндро дар мавриди ин ки чи каси ҳастанд ё чи чизе мехоҳанд ба даст оваранд фиреб диҳанд.

Барчасп